Декабр 04, 2019 21:20 Asia/Dushanbe
  • Ситоиши авқофи Фаластин аз иқдоми ISESCO дар ҳимоят аз Масҷидулақсо

Вазорати авқофи Фаластин аз тасмими ISESCO дар қарор додани номи Масҷидулақсо дар листи ихтисосии амокини муқаддаси ҷаҳони Ислом тамҷид кард.

Ҳисом Абураб, муовини вазири авқофи Фаластин дар ин бора гуфт, ин тасмим нақши муҳиме дар ҳифозат аз ин макон ба унвони як мероси фарҳангиву таърихӣ ва маконе барои ибодат дорад.

Ба гузориши ИКНА, вай афзуд, ин тасмими ISESCO чолиши бузурге дар муқобили талошҳои Исроил барои тағйири осори таърихии Қудс ва амалиёти яҳудисозии ин осор хоҳад буд.

Ҳисоб Абураб дар идома ҳамчунин бар зарурати иҷро шудани ин тасмимот бо ҳадафи ҳимояти ҳақиқӣ аз Масҷидулақсо таъкид кард.

Созмони омӯзиш, улум ва фарҳанги исломӣ (ISESCO) дар ҷаласаи изтирории дирӯз, 12 озармоҳ, дар шаҳри Работи Марокаш, Масҷидулақсоро ба унвони як макони муқаддаси сирфан исломӣ донист ва ин масҷидро дар листи ихтисосии амокини муқаддаси ҷаҳони Ислом қарор дод.

Ин созмони исломӣ дар ҷаласаи дирӯз тасвиб кард, ки Масҷидулақсо низ ҳамонанди Масҷидулҳаром дар Макка ва масҷиди паёмбар (с) дар Мадинаи мунаввара, ҷузви амокини муқаддаси сирфан исломӣ маҳсуб мешавад.

Ин тасмим дар ҷараёни нишасти изтирории Кумитаи мероси ҷаҳони Ислом дар мақарри ISESCO дар шаҳри Работ - пойтахти Марокаш иттихоз шуд.

Бар асоси ин гузориш, Кумитаи мазкур ҳамчунин бо сабти 120 асари бостонӣ дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла 117 асар дар феҳристи мероси ҷаҳони Ислом ва 3 асар дар феҳристи мероси дар маърази хатар дар кишварҳои исломӣ мувофиқат кард.

Ин нишаст дар ростои талошҳои созмони ISESCO барои ҳифзи осори бостонии кишварҳои исломӣ сурат гирифт ва намояндагоне аз кишварҳои Кувайт, Мавритания, Покистон, Камерун, Соҳили Оҷ ва Нигерия дар он ҳузур доштанд.

 

 

Барчасп