37 захмӣ дар саркӯби тазоҳуроти аҳолии Ғазза ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ
(last modified 2019-12-07T10:15:03+00:00 )
Декабр 07, 2019 15:15 Asia/Dushanbe
  • 37 захмӣ дар саркӯби тазоҳуроти аҳолии Ғазза ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ

Ҳамлаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба 83-юмин роҳпаймоии "Ҳаққи бозгашт"-и Навори Ғазза беш аз 30 захмӣ бар ҷой гузошт.

Вазорати беҳдошти Навори Ғазза эълом кард, ки дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба 83-юмин роҳпаймоии "Ҳаққи бозгашт", дастикам 37 тан захмӣ шудаанд, ки дар байни онҳо чор тан бо гулӯлаи ҷангӣ ва даҳ тани дигар низ бо гулӯлаи машқӣ захмӣ шудаанд.

Ба нақл аз Форс, аҳолии Ғазза баъд аз ду ҳафтаи вақфа, ба рағми таҳдидҳои мақомоти низомии режими саҳюнистӣ, аз ҷумла раиси Ситоди кулли артиши ин режим, мабнӣ бар бархӯрд бо тазоҳуроти "Ҳаққи бозгашт" ва шикасти муҳосираи Навори Ғазза, дирӯз низ дар марзи Ғазза бо Фаластини ишғолӣ 83-юмин роҳпаймоии"Ҳаққи бозгашт"-ро баргузор карданд.

 

Барчасп