Коҳиши чашмгири маҳбубияти эътилофи ҳоким бар Туркия
Декабр 08, 2019 18:30 Asia/Dushanbe
Органи расмии ҳизби мухолифи давлати Туркия аз коҳиши маҳбубияти Иттиҳоди Ҷумҳур дар ин кишвар хабар дод.
Рӯзномаи "Ҷумҳурият"-и Туркия ба нақл аз Умар Унол, ки аз Ҳизби адолат ва тавсиа истеъфо дода ва ба ҳизби ҷадиде ба раёсати Аҳмад Довудӯғлу мулҳақ шудааст навишт: Бар асоси натоиҷи назарсанҷиҳо, маҳбубияти Иттиҳоди Ҷумҳур муташаккил аз Ҳизби адолат ва тавсиа ба раёсати Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Ҳизби ҳаракати миллигаро ба раёсати Давлат Боғчалӣ ба 40 дарсад коҳиш ёфтааст.
Бар асоси ин гузориш, Иттиҳоди Ҷумҳур дар моҳи ноябри 2020-и мелодӣ дар бораи баргузории интихоботи зудҳангом тасмимгирӣ хоҳад кард, зеро масоили иҷтимоӣ ва иқтисодии Туркия беш аз пеш афзоиш ёфтааст ва Иттиҳоди Ҷумҳур наметавонад аз ӯҳдаи ҳалли ин масоил барояд.