Декабр 08, 2019 19:33 Asia/Dushanbe
  • Аҳдофи шаклгирии даври ҷадиди таҳаррукоти машкук дар Ироқ

Дар ҳоле, ки авзоъ дар Ироқ бо истеъфои Одил Абдулмаҳдӣ аз мақоми нахуствазирӣ раванди оромтар шудан пайдо мекард, ду рухдод бори дигар авзоро мултаҳиб кард.

Ироқ панҷшанбе ва ҷумъаи гузашта шоҳиди тазоҳуроти мардумӣ дар ҳимоят аз марҷаъияти олӣ буд. Марҷаъият дар таҳаввулоти ахири Ироқ зимни ҳимоят аз мутолибаҳои мардумӣ, бо ҳар гуна хушунат низ мухолифат кард, аммо мавриди аҳонати созмонёфта ва ҳадафманд дар ҷараёни тазоҳуроти ду моҳи ахир қарор гирифт.

Тазоҳуроти ҳимоят аз марҷаъият дар рӯзҳои ахир низ таҳти таъсири ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба мӯътаризон ва куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар қарор гирифт. Рухдоди дуввум интишори хабари ҳамла ба маҳалли иқомати Муқтадо Садр дар Наҷаф буд. Иддао  шуд, ки ин ҳамла аз тариқи паҳпод анҷом гирифтааст. Ҳамзамон бо ин рухдодҳо, давлати Амрико чаҳор шахсияти ироқиро, ки се нафар аз онҳо аз раҳбарони Ҳашд-уш Шаъбӣ ҳастанд, таҳрим карданд.

Таҳлил ин рӯйдодҳо ҳовии чанд нуктаи муҳим аст.

Аввал, рӯйкардҳои муқовиматӣ набояд дар Ироқи кунунӣ шакл бигирад ба наҳве, ки оромиш ва субот ба сохторҳои феълии ин кишвар баргардад. Ҳамлаи хунин ба мӯътаризон дар Бағдод дар ҳоле анҷом гирифт, ки пеш аз ин тазоҳурот, Оятуллоҳ Систонӣ, марҷаъияти олии Ироқ хостори бозгашти шароити табиӣ ба ин кишвар шуд. Ҳамлаи хунин ба тазоҳуроти мардуми Бағдод нишон дод, ки бозгашти шароит ба ҳолати табиӣ бо манофеи бархе аносури дохилӣ ва ҳомиёни хориҷиҳо онҳо созгор нест.

Дувум, ҳамзамон бо муқобила алайҳи рӯйкарди муқовиматӣ дар дохили Ироқ, шахсиятҳои меҳвари муқовимат низ аз сӯи Амрико ҳадаф қарор гирифтанд. Вазорати хазонадории Амрико рӯзи ҷумъа алайҳи чаҳор мақоми ироқӣ, аз ҷумла се тан аз сарони Ал Ҳашд-уш Шаъбӣ шомили Қайс Ал Хазъалӣ ва бародараш Лайс Ал Хазъалӣ ду тан аз раҳбарони гурӯҳи Асоиб Алҳақ ва Ҳусейн Аломӣ, мулаққаб ба Абу Зайнаб, раиси шохаи амниятии Ҳашд-уш Шаъбӣ ба иттиҳоми нақзи ҳуқуқи башар ва даст доштан дар фасод, таҳрим вазъ кард. Вазъи ин таҳримҳо дар шароити замонии кунунии Ироқ, ки аз як сӯ бо хушунати дохилӣ ва аз сӯи дигар бо бозофаринии таҳдиди ДИИШ мувоҷеҳ аст, нишон медиҳад, Амрико натанҳо хостори бозгашти шароити табиӣ ба Ироқ нест, балки дастури кори ҷадиде барои Ироқ дар назар дорад.

Сеюм, рӯйкарди зидди муқовиматӣ ва таҳрими раҳбарони Ал Ҳашд-уш Шаъбӣ нишондиҳандаи ин аст, ки бархе қудратҳои хориҷӣ ба хусус Амрико талош доранд, зимни тахриби ниҳодҳои кунунии қудрат дар Ироқ, сохторҳо ва ниҳодҳои ҷадидеро дар ин кишвар эҷод кунанд. Сохтори ҷадид бояд ба гунае бошад, ки гурӯҳҳои муқовимат дар Ироқ ҷойгоҳе надошта бошанд, секулорҳо дар ин кишвар фурсати қудрат гирифтан дошта бошанд, марҷаъият натавонад ба умури дохилӣ ва қудрат дар Ироқ тамаркуз кунад, Ироқ сиёсати хориҷии мустақиле надошта бошад ва монанди аксари ҳукуматҳои арабӣ, мутеи Вашингтон бошад ва ҳамчунин мазҳабзудоӣ аз ин кишвар пайгирӣ шавад. Бинобар ин барканории нахуствазир натанҳо сабаби таваққуф хушунат ва нооромӣ дар Ироқ нахоҳад шуд, балкӣ гоми нахуст барои нобудии ниҳодҳои қонунии қудрат дар ин кишвар аст.