Декабр 12, 2019 19:17 Asia/Dushanbe
  • Касрии буҷаи 50 миллиарддолларии Арабистони Саудӣ дар соли 2020

 Давлати Саудӣ буҷаи соли 2020-ро тақрибан 1 триллион риёли саудӣ (272 миллиард доллар) эълом кард ва ин нишон медиҳад, ки буҷаи ин кишвар нисбат ба соли 2019, 50 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши шабакаи Ал Олам, вазорати дороии Арабистони Саудӣ иллати касрии буҷаи 50 миллиарддолларии давлатро коҳиши 15 дарсадии даромади нафт эълом кард ва гуфт, касрии буҷаи давлат дар соли 2019, 35 миллиард доллар будааст.

Ба навиштаи вебгоҳи Ал Халиҷ ал Ҷадид, илова бар афзоиши касрии буҷа, захоири молии давлати саудӣ низ ба 92.3 миллиард доллар коҳиш меёбад, ки ин мизон дар соли 2019, дар ҳудуди 124 миллиард доллар буд.

Пешбинӣ мешавад, қарзҳои умумии давлати аз 180.8 миллиард доллар дар соли 2019 ба 210.1 миллиарддоллар дар соли 2020 бирасад, ки ин мизон 26 дарсад аз кулли тавлиди дохилии Арабистони Саудӣ аст.

Буҷаи бахши низомӣ низ бо 48.53 миллиард доллар дар рутбаи дуввум қарор дорад, ки бо коҳиши панҷдарсадӣ дар муқоиса бо  соли гузашта рӯбарӯ аст. Буҷаи низомии Саудӣ дар соли 2019, 51 миллиард доллар буд.

Вобастагии Арабистон ба даромадҳои нафти мӯҷиби касрии буҷаи ин кишвар аз соли 2014 токунун шудааст.

Бо рӯи кор омадани Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва шурӯи ҷанг зидди мардуми Яман ва мушорикат дар ҷангҳои ниёбатӣ, буҷаҳои сарсомоваре сарфи хариди анвои силоҳ ва таслиҳоти низомӣ шуда, ки Арабистонро бо мушкилоти мутааддиди иқтисодӣ, мувоҷеҳ кардааст.

 

Барчасп