Касрии буҷаи 50 миллиарддолларии Арабистони Саудӣ дар соли 2020
(last modified Sun, 15 Dec 2019 12:06:54 GMT )
Декабр 15, 2019 17:06 Asia/Dushanbe
  • Касрии буҷаи 50 миллиарддолларии Арабистони Саудӣ дар соли 2020

Давлати Саудӣ буҷаи соли 2020-ро тақрибан 1 триллион риёли саудӣ (272 миллиард доллар) эълом кард, ки буҷаи ин кишвар нисбат ба соли 2019, 50 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши шабакаи Алолам, Вазорати дороии Арабистони Саудӣ иллати касрии буҷаи 50 миллиарддолларии давлатро коҳиши 15 дарсадии даромади нафт эълом кард ва гуфт, касрии буҷаи давлат дар соли 2019,  35 миллиард доллар будааст.

Пешбинӣ мешавад, ки қарзҳои умумии давалат аз 180,8 миллиард доллар дар соли 2019 ба 210,1 миллиард доллар дар соли 2020 бирасад, ки ин мизон 26 дарсад аз кулли тавлиди дохилии Арабистони Саудӣ аст.

Буҷаи бахши низомӣ низ бо 48,53 миллиард доллар дар рутбаи дуввум қарор дорад, ки бо коҳиши панҷдарсадӣ дар муқоиса бо  соли гузашта рӯбарӯ аст. Буҷаи низомии Саудӣ дар соли 2019, 51 миллиард доллар буд.

Вабастагии Арабистон ба даромадҳои нафтӣ мӯҷиби касрии буҷаи ин кишвар аз соли 2014 то кунун шудааст.