Сентябр 27, 2016 14:15 Asia/Dushanbe
  • Марги фармондеҳони турк, саудӣ ва исроилӣ дар ҳамлаи Русия

Русия бо шиллики се мушаки "колибр", шуморе аз фармондеҳони хориҷиро, ки масъулияти идораи ҷабҳаи террористҳо дар наздикии Ҳалабро бар ӯҳда доштанд, ба ҳалокат расонд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "Алолам", як манбаи майдонӣ дар устони Ҳалаб эълом кард, се мушаки шилликшуда аз новҳои Русия, ахиран утоқи амалиёти гурӯҳҳои мусаллаҳро дар ғарби Ҳалаб ҳадаф қарор додааст.

Ин манбаи майдони афзуд, дар утоқи амалиёти мазкур 30 афсари туркияӣ, амрикоӣ, арабистонӣ, қатарӣ, англис ва саҳюнистӣ ҳузур доштанд, ки амалиёти террористӣ дар Ҳалаб ва Идлибро мудирият мекарданд.

Ёдоварӣ мешавад, бо вуҷуди таҳдидоти гурӯҳҳои мусаллаҳ, ҳудуди 100 нафар тавонистаанд аз маҳаллоти шарқи Ҳалаб хориҷ шаванд.

Ин манбаи сурӣ эълом кард, дар таҳаввуле дигар, артиши Сурия тайи даргирӣ бо афроди мусаллаҳ дар минтақаи 1070, ки тактирандозҳои террористҳо ба сӯйи мардуми минтақаи Алҳамдония шиллик мекарданд, ҳудуди 20 тан аз онҳоро ба қатл расондааст.

 

Барчасп