Декабр 29, 2019 19:47 Asia/Dushanbe
  • Тахриби беш аз 600 хонаи фаластиниҳо аз ибтидои 2019

Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони Милал дар Фаластин дар гузорише эълом кард: Режими саҳюнистӣ имсол 617 хонаи мутааллиқ ба фаластиниҳоро тахриб кардааст.

Дар баёнияи Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони Милал оммадааст: 20 дарсади сохтмонҳое, ки дар соли 2019 тахриб шуда, дар манотиқе буда, ки шоҳиди тирандозӣ ва даргирӣ аст.

Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони Милал афзуд: Танҳо дар ҳафтаи гузашта 29 сохтмони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ ба баҳонаи надоштани муҷаввиз тахриб шуда ё ин, ки сокинони онҳо ночор ба тахрибаш шудаанд, ки ин ҷиноят мунҷар ба оворагии 45 фаластинӣ ва ворид шудани зарар ба 100 нафари дигар шудааст.

 

Барчасп