Январ 01, 2020 21:54 Asia/Dushanbe
  • Идомаи даргириҳои шадид дар ҷануби Яман

Нерӯҳои вобаста ба давлати мустаъфӣ ва нерӯҳои иморотӣ дар вилояти Абини Яман бо якдигар даргир шуданд.

Бо вуҷуди имзои тавофуқи Риёз барои ором кардани ҷануби Яман, бори дигар даргириҳои шадиде миёни нерӯҳои вобаста ба давлати мустаъфии Яман ва “Алмаҷлис алинтиқоли алҷанубӣ” (Шӯрои интиқоли ҷануб) дар ин минтақа оғоз шуд.

Ба гузориши “Форс”, дар ин даргириҳо дар вилояти Абин, яке аз фармондеҳони Шӯрои интиқоли ҷануб ва теъдоде аз сарбозони вобаста ба давлати мустаъфӣ кушта шуданд.

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, нерӯҳои вобаста ба иморот ба худрави низомии нерӯҳои вобаста ба Абдураббу Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ҳамла карданд ва ҳамин мавзуъ мунҷар ба оғози даргириҳо шуд.

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, вазъият ҳанӯз муташанниҷ аст ва даргириҳо миёни тарафайн идома дорад.

Даргириҳо миёни аносири давлати Мансур Ҳодӣ ва шибҳинизомиёни Шӯрои интиқоли ҷануб (ҳомии Иморот) аз мурдодмоҳи гузашта шиддат ёфт. Замоне, ки даргириҳои шадид миёни нерӯҳои иморотӣ ва давлати мустаъфӣ дар устонҳои ҷанубии Яман рух дод ва дар ниҳоят нерӯҳои вобаста ба Иморот контроли Аданро дар даст гирифтанд.

 

 

 

Барчасп