Султони нави Уммон бар тахт нишаст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i49883-Султони_нави_Уммон_бар_тахт_нишаст
Дар паи даргузашти Қобус бин Саид султони Уммон, Ҳайсам бин Ториқ оли Саид ба унвони султони нави ин кишвари арабӣ таин шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 11, 2020 14:37 Asia/Dushanbe
  • Султони нави Уммон бар тахт нишаст

Дар паи даргузашти Қобус бин Саид султони Уммон, Ҳайсам бин Ториқ оли Саид ба унвони султони нави ин кишвари арабӣ таин шуд.

Ба нақл аз шабакаи Алъолам, Ҳайсам бин Ториқ вазири мирос ва фарҳанги Уммон ва писар амӯи султон Қобус аст, ки маъмулан ба унвони фаристодаи вижаи султон Қобус фаолият мекард ва пештар низ дар Вазорати хориҷаи Уммон машғул буд.

Шурои олии дифои Уммон бомдоди шанбе ҷаласае фавқулода ташкил дод ва Ҳайсам бин Ториқ ба таври расмӣ савганди подшоҳӣ ёд кард.

Қобус бин Саид подшоҳи Уммон пас аз як давраи ибтило ба бемории саратони руда, нима шаби гузашта дар 79 солагӣ даргузашт.

Девони подшоҳии Уммон дар паи даргузашти султон Қобус, се рӯз азои умумӣ ва таътилии расмӣ эълом кард.

Парчами Уммон низ ба муддати 40 рӯз барои адои эҳтиром ба подшоҳи фақиди ин кишвар нима афрошта хоҳад буд.

Султон Қобуси 79 сола дар миёни кишварҳои ҷаҳон ба унвони бунёнгузор ва меъмори сиёсӣ ва иқтисодии Уммони навин шинохта мешавад.