Январ 19, 2020 19:42 Asia/Dushanbe
  • Баллонҳои оташзои фаластиниҳо равонаи заминҳои ишғолӣ шуданд

Ҷавонони фаластинӣ дар Ғазза садҳо баллони оташзоро равонаи шаҳракҳои саҳюнистнишини воқеъ дар муҷовирати ин борика карданд.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, шабакаи 7-и телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, ки теъдоди зиёде баллони оташзо равонаи заминҳои ишғолӣ шуда ва дар маркази шаҳри Садирут суқут кардааст.

Гурӯҳҳои фаластинӣ дар борикаи Ғазза, аз бодбодакҳои оташзо барои муқобила бо низомиёни саҳюнистӣ истифода мекунанд, ки то кунун чанд миллион доллар ба режими ишғолгари Исроил хисорат ворид кардааст.

Рӯзномаи саҳюнистии "Едиот Аҳронот" аз афзоиши муофияти ҷавонони исроилӣ аз хидмати низомӣ ба далели мушкилоти равонӣ хабар дод ва навишт: Як севвуми низомиёни артиши Исроил аз хидмати низомӣ ба далоили равонӣ маоф мешаванд.

 

Барчасп