Январ 22, 2020 18:18 Asia/Dushanbe
  • Таҳвил надодани аҷсоди се шаҳиди фаластинӣ

Режими саҳюнистӣ қасди таҳвили аҷсоди се шаҳиди фаластиниро надорад.

Як манбаи саҳюнистии баландпоя таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ қасди таҳвили пайкари се ҷавони фаластиниро, ки дирӯз ба шаҳодат расиданд, надорад.

Ба гузориши “Форс”, рӯзномаи саҳюнистии “Исроил ҳюм”, ба нақл аз манбаи ёдшуда гуфт, хонаводаи Ҳадор Гулдин, афсари саҳюнистии асир дар навори Ғазза аз Вазорати артиши режими саҳюнистӣ хостааст, ки пайкари се ҷавони фаластинии шаҳидро ба хонаводаҳояшон таҳвил надиҳад.

Дар ҳамин иртибот канали ҳафти телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш кардааст, ки хонаводаи ёдшуда аз мушовири низомии Бенёмин Натанёҳу, нахуствазир ва Нафтоли Бинт, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дархост кардааст, то замоне, ки ҲАМОС сарбозон ва саҳюнистҳои асир дар Ғаззаро озод накунад, пайкари се ҷавони фаластинии шаҳидро таҳвил надиҳанд.

Низомиёни режими ишғолгар шомгоҳи сешанбе се ҷавони фаластиниро дар марзи ҷануби Ғазза бо сарзамини ишғолӣ ба иддаои убур аз навори марзии ҳоил миёни Ғазза бо сарзамини ишғолӣ ба шаҳодат расонданд.

 

Барчасп