Январ 29, 2020 18:48 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Лубнон: “Муомилаи қарн” ёдовари ишғоли Фаластин дар соли 1948

Мақомот ва ҷараёнҳои мухталифи Лубнон эълом карданд, “Муомилаи қарн” солрӯзи ишғоли Фаластинро дубора зинда кард ва лубнониҳо “шоҳиди дурӯғин” дар маросими эъдоми ҷадиди фаластиниҳо нахоҳанд буд.

Дафтари Набиҳ Берри, раиси парлумони Лубнон дар вокуниш ба рӯнамоӣ аз тарҳи “Муомилаи қарн” ба дасти Амрико баёнияе содир ва ба ин тарҳ ба шиддат вокуниш нишон дод.

Ба гузориши “Форс”, дар ин баёния омадааст: “Муомилаи қарн” охирин орзуи боқимондаи фаластинӣ барои эҷоди давлати мустақил бо марказияти Қудси шарифро аз байн бурд, ин тарҳ ришвае барои фурӯши ҳуқуқ, ҳокимият, каромат ва сарзамини арабии Фаластин бо моли арабӣ аст”.

Дар ин баёния таъкид шуд, Лубнон ва лубнониҳо ба шоҳиди дурӯғин дар маросими эъдоми ҷадиди миллати Фаластин, ҳуқуқи қонунии он ва дар муқаддимаи онҳо ҳаққи бозгашт табдил нахоҳад шуд.

Набиҳ Берри дар поён бар зарурати ваҳдати миллӣ ва муқовимат ба унвони танҳо гузина барои озодии заминҳои ишғолӣ таъкид кард ва гуфт, Лубнон шарики фурӯши Фаластин нахоҳад шуд.

Мишел Увн, раисҷмуҳури Лубнон бо Маҳмуди Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин тамоси телефонӣ барқарор кард. Увн дар ин тамос бар ҳамбастагии сарон ва миллати Лубнон бо фаластиниҳо дар муқобила бо таҳаввулоти марбут ба “Муомилаи қарн” таъкид кард.

Увн гуфт,Лубнон бар тарҳи ибтикори арабӣ барои сулҳ, ки дар нишасти Бейрут тасвиб шудааст, таъкид дорад.

Ҷуброн Босил, вазири хориҷаи собиқи Лубнон ҳам эълом кард, ҳар гоме ки аз ин тарҳ бардошта мешавад, бар вахим шудани масъалаи Фаластин меафзояд ва набояд дар қиболи он сукут кард.

Ҳассон Диёб, нахуствазири ҷадиди Лубнон ҳам эълом кард, Қудс қутбнамои уммати Ислом ва Фаластин масъалаи аслии он боқӣ хоҳад монд.

 

Барчасп