Маҳмуд Аббос: “Муомилаи қарн” танҳо 6 дарсади Каронаи бохтарӣ ва навори Ғазаро ба мо медиҳад
(last modified 2020-02-03T13:20:43+00:00 )
Феврал 03, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Маҳмуд Аббос: “Муомилаи қарн” танҳо 6 дарсади Каронаи бохтарӣ ва навори Ғазаро ба мо медиҳад

Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар суханоне аз қатъи ҳамоҳангии амниятӣ бо режими саҳюнистӣ, сӯҳбат ва таъкид кард, «муомила қарн»-ро намепазирад.

Ба гузориши Форс, Аббос гуфт, пас аз эъломи тарҳи мавсум ба «муомилаи қарн» ҳамоҳангии амниятӣ мутаваққиф хоҳад шуд ва ба  Исроил хоҳем гуфт, дар сурати идомаи ин тарҳи Амрико,тамоми масъулият бар ӯҳда Тел Авив аст.

Вай афзуд, агар амрикоиҳо ба ин тарҳ идома диҳанд, таҳрим (дар иртибот бо Амрико) гузинаи пеши руст, мо ба онҳо гуфтем, ки бо давлати Амрико ва Кохи Сафед сӯҳбат нахоҳем кард, танҳо аз тариқи як канал сӯҳбат мекардем ва акнун ин канал низ бояд қатъ шавад.

Аббос зимни таъкид бар инки бояд моҳияти тарҳи Амрикоро дарёфт гуфт, Ташкилоти худгардон аз замоне, ки Амрико Қудсро ба унвони пойтахти Исроил муаррифӣ кард, тасмим ба қатъи равобит бо ин кишвар гирифт.

Вай афзуд, абдан бо ин мавзӯъ, ки минтақаи мавсум ба «Мусаллас» дар шимоли Фаластини ишғолӣ таҳти ҳокимияти Ташкилоти худгардон қарор бигирад, мувофиқат нахоҳад кард.