Амрико муофияти Ироқро аз таҳримҳои зиддиэронӣ тамдид мекунад
Хабаргузории амрикоӣ ба нақл аз мақомоти ироқӣ навишт Вашингтон дар назар дорад муофияти таҳримии ин кишварро барои воридоти гоз ва барқ аз Эрон тамдид кунад.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, АссошиэйтедПресс навишт ин тасмим дар авҷи таниш дар равобити Вашингтон-Бағдод баъд аз террори шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи шаҳиди нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва Абумаҳди Алмуҳандис муовини Ҳашад Аш-Шаъбии Ироқ дар ҳамлаи ҳавоии чанд ҳафтаи пеш ба ҳумаи фурудгоҳи Бағдод гирифта шудааст.
Манобеи ироқӣ мегӯянд давлати Иёлоти Муттаҳида аз тамоюли худ барои тамдиди муофиятҳои таҳримии Бағдод дар таомулоти тиҷорӣ бо Эрон хабар додааст.
Муофияти таҳримии қаблие, ки дар моҳи октябр дода шуда буд сездаҳуми феврал поён меёбад.