Ҳушдори Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди илҳоқи дараи Урдун ба манотиқи таҳти ишғоли Исроил
(last modified 2020-02-12T08:00:13+00:00 )
Феврал 12, 2020 13:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди илҳоқи дараи Урдун ба манотиқи таҳти ишғоли Исроил

Масъули сиёсати хориҷии Аврупо бо интиқод аз тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн", дар бораи илҳоқи дараи Урдун ба манотиқи таҳти ишғоли режими саҳюнистӣ ва ташдиди хушунатҳо ҳушдор дод.

Ба гузориши рӯзномаи Ню Йорк Таймз, Джозеф Борелл, масъули сиёсати хориҷии Аврупо рӯзи сешане дар Парлумони аврупо бо интиқод аз тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн", аз режими Исроил хост, то аз тасмими илҳоқи дараи Урдун ба манотиқи ишғолӣ иҷтиноб кунад.

Борелл ҳушдор дод, дар сурати пешравии исроилиҳо дар ин замина, эътирозоти фаластиниҳо ташдид хоҳад шуд.

Борелл ҳамчунин бо бахшҳое аз тарҳи зиддифаластинии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мавсум ба "Муомилаи қарн" мухолифат кард.

Аъзои аврупоии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шомили Белгия, Эстония, Олмон, Лаҳистон ва Фаронса низ рӯзи сешанбе пеш аз нишасти ин шӯро дар бораи Фаластин, дар баёнияи муштарак тасреҳ карданд, тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" қатъномаҳои Шӯрои амниятро дар бораи Фаластин нодида гирифтааст.