Баҳои хуни шаҳидон Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис: Нобудии Исроил ва ихроҷи Амрико аз минтақа
(last modified 2020-02-13T12:09:01+00:00 )
Феврал 13, 2020 17:09 Asia/Dushanbe
  • Баҳои хуни шаҳидон Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис: Нобудии Исроил ва ихроҷи Амрико аз минтақа

Муовини басиҷи мардумии Ироқ гуфт, баҳои хуни сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш, нобудии Исроил ва ихроҷи Амрико аз минтақаи ғарби Осиё аст.

Сардори шаҳиди сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, ки сеюми январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд ба ҳамроҳи Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, ноибраиси шаҳиди басиҷи мардумии Ироқ  ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии террористҳои амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод, ба шаҳодат расид.

Сайид Ҳошим Ал Ҳайдарӣ, муовини басиҷи мардумии Ироқ шомгоҳи чаҳоршанбе дар маросими арбаини шаҳид Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (а) дар Қум гуфт, шаҳид Сулаймонӣ як шахсияти беназир дар арсаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ буд.

Ал Ҳайдарӣ бо баёни инки фармондеҳи шаҳиди нирӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдрони Инқилоби Исломӣ дар хатти муқаддами тамомии ҷабҳаҳо фаъолият мекард, афзуд, шаҳид Сулаймонӣ ба тамоми ҷавомеи исломӣ ва миллатҳои мазлум кумак мекард ва марзи ҷуғрофиёӣ барояш матраҳ набуд.

Ал Ҳайдарӣ бо таъкид бар инки қудрати аслии нирӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба эътиқод, маънавият ва шуҷоати нирӯҳояш аст, ёдовар шуд, фармондеҳони ҷабҳаи муқовимат дар Ироқ, Лубнон ва Сурия, шаҳид Сулаймониро бо сифат шуҷоаташ мешинохтанд.

Пеш аз ин, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо баёни инки ҳузури амрикоиҳо дар ин минтақа ва дар ҳар ҷойи дигари ҷаҳон, ҷуз ҷанг, ихтилоф, фитна, вайронӣ ва хароб шудани зербиноҳо ҳеҷ натиҷа дигаре надоштааст, таъкид карданд, миллатҳои минтақа ва давлатҳои бархоста аз миллатҳо бидуни тардид идомаи ҳузури фасодбарангези Амрикоро қабул намекунанд.