Феврал 16, 2020 11:19 Asia/Dushanbe

Ҳайкали сардор ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи шаҳиди Сипоҳи посдорон асри шанбе дар маросими вижае дар шаҳраки Моруну Раъс дар ҷануби Лубнон дар марзи Лубнон ва Фаластини ишғолӣ насб шуд.

Ба нақл аз ИРНО, дар ин маросим, ки бо ҳузури шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва расонаии Лубнон баргузор шуд, дар канори ҳайкали сардор Сулаймонӣ парчами бузурге ба эҳтизоз даромад, ки рӯи он навишта шуда буд "Ба зудӣ дар Қудс намоз мехонем".

Ҳошим Сафиюддин раиси Шурои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросими насби ин ҳайкал хитоб ба Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ҷабҳаи Муқовимат имрӯз на танҳо бо террор ва шаҳодати сардор Сулаймонӣ заъиф нашуда, балки ба баракати хуни поки ӯ ва ҳамроҳонаш қудрат ва омодагии ин ҷабҳа барои рӯёрӯӣ бо режими саҳюнистӣ афзоиш ёфтааст.

Раиси Шурои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин маросим тасаввури мақомоти сиёсӣ ва низомии режими саҳюнистӣ барои тағйироти муодилаҳои минтақа ба нафъи худро хаёли хом баршуморд.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ  фармондеҳи шаҳиди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис нойибраиси басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашад Аш-Шаъбӣ) ва ҳашт нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии террористҳои амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расид.

Барчасп