Феврал 16, 2020 12:25 Asia/Dushanbe
  • Шумориши маъкуси ироқиҳо барои интиқомгирӣ аз Амрико

Ҷунбиши Муқовимати исломии Нуҷабо бо интишори санади ихтисосӣ аз таҳарукоти амрикоиҳо дар Ироқ эълом кард, ки шумориши маъкус барои иҷрои амалиёти талофиҷӯёна дар баробари шаҳодати Абумаҳдӣ Алмуҳандис оғоз шудааст.

Ба нақл аз ИРНО, муҷоҳидони Нуҷабо бо интишори санаде мабнӣ бар таҳти назорат гирифтани дақиқи мошинҳо ва таҷҳизоти низомии амрикоиҳо аз иҳотаи худ бар таҳаррукоти ишғолгарон дар минтақа парда бардоштанд.

Воҳиди расонаии низомии Нуҷабо акси замимаи ин хабарро чаҳордаҳуми феврал дар наздикии пойгоҳи амрикоии Айн-Ал-Асад  бо унвони "Дар камини шумо ҳастам" сабт кардааст.

Террористҳои амрикоӣ январи гузашта Абумаҳдӣ Алмуҳандис ҷонишини басиҷи мардумии Ироқро ба ҳамроҳи сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва шуморе аз ёронашон дар фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расонданд.

Барчасп