Феврал 17, 2020 20:24 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар Лубнон

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо раисиҷумҳурӣ ва раиси маҷлиси Лубнон дар Бейрут дидору гуфтугӯ кард.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар дидор бо Мишел Аун, раисиҷумҳури Лубнон, истиқрори давлати ҷадиди ин кишварро гоме муҳим дар тасбити авзои сиёсии Лубнон донист ва гуфт, заминаи лозим барои густариши муносибот бавижа дар заминаҳои иқтисодӣ байни Эрон ва Лубнон вуҷуд дорад.

Раисиҷумҳури Лубнон ҳам дар ин дидор иштирокоти фарҳангӣ, таърихӣ ва иҷтимоии Лубнон ва Эронро дар минтақа бебдил хонд ва бар лузуми тавсеаи беш аз пеши равобити ду кишвар дар арсаҳои гуногун таъкид кард.

Лориҷонӣ ҳамчунин дар дидор Набиҳ Берри, раиси маҷлиси Лубнон бо ишора ба муқовимати таърихии мардуми ин кишвар дар баробари режими номашрӯи саҳюнистӣ гуфт, имрӯз тамоми миллатҳои минтақа ба шакли фарогир ва мустақим дар ҷабҳаи муқовимат дар баробари истикбори ҷаҳонӣ ва режими номашруи саҳюнистӣ истодаанд.

Раиси маҷлиси Лубнон ҳам дар ин дидор зимни қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷабҳаи муқовимат, гуфт, интиқоли таҷрибиёт миёни Теҳрон ва Бейрут дар сутӯҳи мухталиф ва дар заминаҳои гуногун бояд беш аз гузашта идома ёбад.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳамчунин бо Зиёд Ал Нахола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дидору гуфтугӯ кард.