Комиссари Кумитаи байналмиллалии ҳуқуқи башар, Туркияро ишғолгар хонд
Комиссари Кумитаи байналмиллалии ҳуқуқи башар дар Ховари Миёна бо интиқоди шадид аз ҳузури ғайриқонунии Туркия дар хоки Сурия таъкид кард, ки Туркия ҳақ надорад, ки ҳеҷ ирода ё дархостеро диктан кунад.
Ба нақл аз Форс, Ҳайсам абу Саид комиссари Кумитаи байналмиллалии ҳуқуқи башар дар Ховари Миёна таъкид кард, ки ҳузури Туркия дар хоки Сурия поймолсозии фоҳиши ҳуқуқи байналмиллал аст.
Абу Саид афзуд, ҳузури артиши Туркия дар Хоки Сурия ғайриқонунӣ ва номашруъ аст ва ин кишвар хоки Сурияро ишғол кардааст.
Комиссари Кумитаи байналмиллалии ҳуқуқи башар дар Ховари Миёна бо интиқоди шадид аз унвонҳои бефойидаи бисёре, ки дар бораи поймолсозии ҳуқуқи башар дар Сурия ба кор меравад тасреҳ кард, шиорҳои дуруғине низ вуҷуд дорад, ки барои амалисозии ҳадафҳои сиёсӣ аз онҳо дар ин замина истифода мешавад.
Абу Саид дар бораи вазифаи артиши Сурия дар вилоятҳои Идлиб ва Ҳалаб гуфт, агар артиши Сурия барои озодсозии хоки худ даст ба амалиёте зад ин вазифааш аст, вале ҳеҷ артиши дигаре дар хоки Сурия вазифа надорад амалиёти низомӣ анҷом диҳад ва минтақаҳои ғайринизомӣ ва маскуниро бомборон кунад.