Озодии 1890 километри мураббаъ аз устонҳои Ҳалаб ва Идлиб
Артиши Сурия аз замони оғози амалиёт дар устонҳои Идлиб ва Ҳалаб тавонист 1890 километри мураббаъро аз ишғоли террористҳо хориҷ кунад.
Ба гузориши “Форс”, тибқи охирин нақшаи майдонии устони Ҳалаб ва Идлиб, артиши Сурия аз 28 озармоҳ, ки амалиёт дар ин ду устонро оғоз кардааст, тавонистааст 1890 километри мураббаъро ба контроли худ дароварад.
Аз ин миён 458 километри мураббаъ саҳми устони Ҳалаб ва 1432 километри мураббаъ низ саҳми устони Идлиб аст. Ҳамакнун низ амалиёти артиши Сурия дар ҷануби устони Идлиб ҷараён дорад ва фақат дар 60 соати гузашта нерӯҳои артиш ва ҳампаймонони Сурия тавонистаанд беш аз 30 шаҳрак ва русторо дар минтақаи муҳими Ҷабалуззовия озод кунанд.
Артиши Сурия шомгоҳи гузашта муваффақ шуд панҷ минтақаи дигарро озод кунад ва дар сурати идомаи пешравии худ дар ҷануби Идлиб хоҳад тавонист Ҷабҳаи Аннусра ва дигар террористҳоро дар Ҷабалузовия муҳосира кунад.