Март 07, 2020 20:12 Asia/Dushanbe
  • Даври нави боздошти шоҳзодагони саудӣ дар Арабистон

Давлати саудӣ барои ҳазфи муҳимтарин рақибони сиёсии валиъаҳди Арабистон ва ҳамвор кардани ҷонишинии вай ба ҷои падараш ду шоҳзодаи саудиро боздошт кард.

Ба нақл аз рӯзномаи амрикоии Вал-Стрит, давлати саудӣ дар тозатарин иқдом барои ҳазфи муҳимтарин рақибони сиёсии "Муҳаммад бин Салмон"-и валиъаҳд ва ҳамвор кардани ҷонишинии вай ба ҷои падараш Салмон бин Абдулазиз, ҷумъашаб шоҳзода Аҳмад бин Абдулазиз, бародари подшоҳи саудӣ ва Муҳаммад бин Нойиф, валиъаҳди пешини Арабистон ва бародари вайро дастгир кард.

Бар асоси ин гузориш, маҳалли иқомати Аҳмад бин Абдулазиз ва Бин Нойиф  пас аз дастгирии онҳо тафтиш шудааст.

Пеш аз ин ҳам валиаҳди саудӣ беш аз дусад шоҳзода ва сиёсатмадори саудиро зиндонӣ ва беш аз сад миллиард доллар аз боздоштшудагон дарёфт кардааст.

Рейтерз ҳам ба нақл аз як манбаъи мутталеъ дар минтақа навишт, Муҳаммад бин Салмон, валиъаҳди саудӣ шоҳзодаҳои боздоштшударо ба доштани тамос ва иртибот бо қудратҳои хориҷӣ аз ҷумла амрикоиҳо ва дигарон барои кудато дар Арабистон муттаҳам кардааст.

Ин манбаъ, ки хост ношинос бимонад афзуд, Муҳаммад бин Салмон бо боздошти ин ашхос, қудратро ба таври комил дар даст гирифт ва дигар ҳеҷ рақибе барои расидан ба тоҷу тахт пеши роҳи ӯро намегирад ва муваффақияти ӯро ба чолиш намекашад.

 

Барчасп