Март 09, 2020 11:15 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус донишгоҳҳо ва мактабҳои Арабистонро ба таътилӣ кашонд

Арабистон аз беми шуюи коронавирус, донишгоҳҳо, мактабҳо ва фаолиятҳои омӯзишӣ дар масҷидҳоро таътил эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати омӯзиши Арабистони саудӣ якшанбешаб эълом кард, аз рӯзи душанбе донишгоҳҳо ва муассисаҳои омӯзишӣ дар ин кишвар барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус то иттилои баъдӣ таътил аст ва омӯзиши донишҷӯён ва донишомӯзон тариқи омӯзиш аз роҳи дур пайгирӣ мешавад.

Арабистон бо эъломи таътилии марказҳои омӯзишӣ, шаҳри Қатиф дар вилояти Аш-Шарқия дар шарқи Арабистон барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус ба сурати муваққат карантин ва фаолияти бахшҳои давлатӣ ва муассисоти хусусӣ дар ин шаҳр мутаваққиф шуд.

Вазорати беҳдошти Арабистон аз сабти чаҳор мавриди нави коронавирус дар ин кишвар хабар дод ва шумори ашхоси мубтало ба коронавирусро дар маҷмӯъ 11 тан эълом кард.

 

Барчасп