Талоши подшоҳи Арабистон барои вогузории қудрат ба писараш
Муассисаи мутолиотии Алхалиҷ дар Вашингтон, аз талоши подшоҳи Арабистони Саудӣ барои вогузории қудрат ба писараш хабар дод.
Ба гузориши пойгоҳи ямании ал-Иттиҳоди пресс, Муассисаи мутолиотии Алхилиҷ дар Вашингтон ахиран дар гузорише эълом кард, Салмон бин Абдулазиз -Подшоҳи кунунии Арабистон ахиран чанд дидор бо бародаронаш дошта ва талош кардааст, ононро барои тағйири низоми ҳукуматӣ ва интиқоли қудрат ва канорагирӣ аз қудрат ба нафъи писараш Муҳаммад бин Салмон тайи чанд рӯзи оянда, мутақоид кунад.
Муассисаи мутолиотии ал-Халиҷ дар Вашингтон, ки риёсати онро Алӣ Ол Аҳмад, мухолифи саршиноси Саудӣ ба ӯҳда дорад, дар гузориши худ овардааст, Малик Салмони 80 сола садҳо миллион доллар барои ҷалби назари хонадони ҳокими Оли Сауд ва ҳимоят аз тасмими интиқоли қудрат ба Муҳаммад бин Салмон ҳазина кардааст. "
Муҳаммад бин Салмон ҳамакнун ҷонишини валиаҳд ва вазири дифои Арабистони Саудӣ аст.
Ҳамчунин дастгоҳи мазҳабии Арабистон ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор додааст, дар сурати эътироз ба сиёсатҳои ин кишвар авоқиби вахиме дар интизори онҳо хоҳад буд.
Ҳушдори муфтии ваҳобии Арабистон, болотарин мақоми мазҳабӣ, баёнгари умқи буҳрони молӣ дар Арабистон ба далели ҷангҳои ин кишвар дар Сурия ва Яман ва ҳимояти мустақим ва ғайримустақим аз террористҳо аст.
Ин ҳушдор пас аз он матраҳ шуд, ки Салмон бин Абдулазиз- Подшоҳи Арабистон дастурҳое шомили коҳиши ҳуқуқ ва қатъи имтиёзот ва подоши солиёна барои кормандон ва мардумро содир кардааст.
Сиёсати риёзати иқтисодии давлати Арабистони Саудӣ, хашми шаҳрвандони ин кишварро барангехтааст.