Шикояти Ироқ аз Амрико ба Созмони Миллали Муттаҳид
(last modified Sat, 14 Mar 2020 12:45:34 GMT )
Март 14, 2020 17:45 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Ироқ аз Амрико ба Созмони Миллали Муттаҳид

Вазорати умури хориҷаи Ироқ дар баёнияе бо маҳкум кардани ҳамлаи ҳавоии бомдоди ҷумъаи Амрико ба мавзеъҳои нерӯҳои ироқӣ эълом кард, ба зудӣ аз Амрико ба Созмони Миллали Муттаҳид ва Шурои амният шикоят мекунад.

Ба нақл аз ИРНО, Вазорати умури хориҷаи Ироқ ҷумъашаб дар ин баёния бо таъкид бар ин ки иқдоми Амрико дар бомборони марказҳои давлатии Ироқ ҳаракате хасмона ва поймолсозии ҳокимияти миллии ин кишвар аст тасреҳ кард, ин иқдоми хасмона, талошҳо барои муқобила бо терроризмро аз байн хоҳад бурд.

Ҷангандаҳои амрикоӣ бомдоди ҷумъа, пойгоҳҳои артиш ва Созмони басиҷи мардумии Ироқ мавсум ба Ҳашад Аш-Шаъби-ро дар чаҳор вилояти Салоҳуддин, Бобил, Басра ва Карбало бомборон карданд.

Мақомот, шахсиятҳо ва гуруҳҳои ироқӣ, рӯзи ҷумъа ин ҳамларо маҳкум ва дар бораи хасоратҳои ин иқдоми Амрико ҳушдор доданд.

Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳури Ироқ ин иқдомро поймолсозии ҳокимияти миллии кишвараш арзёбӣ кард ва Вазорати хориҷаи Ироқ низ сафирони Англия ва Амрико дар Бағдодро эҳзор кард.