Амалӣ шудани муқаррароти манъи рафту омади шабона дар Арабистон
(last modified Mon, 23 Mar 2020 17:39:52 GMT )
Март 23, 2020 22:39 Asia/Dushanbe
  • Амалӣ шудани муқаррароти манъи рафту омади шабона дар Арабистон

Хабаргузории расмии Арабистон "Вас", аз дастури подшоҳи ин кишвар барои амалӣ намудани муқаррароти манъи омаду рафти шабона дар саросари Арабистон хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, хабаргузории расмии Арабистон эълом кард: Малик Салмон ба манзури муқобила бо хурӯҷи коронавирус дар Арабистон дастур додааст, ки аз рӯзи душанбе ба муддати 21 рӯз муқаррароти омаду рафти шабона ҷорӣ шавад.

Бар асоси эъломи хабаргузории расмии Арабистон, аз рӯзи душанбе аз соати 7:00-и аср то 6:00-и субҳ дар сарорсари ин кишвар манъи рафту омад барқарор шуд.

Бар асоси охирин оморҳо, охирин оморҳои расмии эъломшуда аз сӯи давлати Арабистон, то кунун 511 нафар дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд.