Март 26, 2020 14:29 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ дар бораи тавтеаи нави Амрико дар Ироқ

Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ аз зермаҷмӯаҳои Созмони басиҷи мардумии ин кишвар "Ҳашдушшаъбӣ" чаҳоршанбешаб дар баёнияе дар бораи талоши Амрико барои иҷрои тавтеае хатарнок дар Ироқ ҳушдор дод ва аз муҷоҳидони ироқӣ хост барои муқобила бо ниятҳо ва мақосиди шуми душмани амрикоӣ омода бошанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ дар ин баёния аз сенарияи нави Амрико барои ҳамла ба мавзеъҳои артиш ва гурӯҳҳои муқовимати Ироқ дар шароити шуюи коронавирус дар ин кишвар парда бардошт ва эълом кард, ин сенария шомили иҷрои амалиёти ҳелиборн дар пойгоҳҳои артиши Ироқ ва "Ҳашдушшаъбӣ" бо пуштибонии заминӣ ва ҳавоӣ аст.  

Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ бо баёни ин ки нақшаи Амрико рукнҳои кишвари Ироқ ва суботи ин кишварро таҳдид мекунад, таъкид кард: Гурӯҳҳои муқовимат дар сурати ҳаргуна иқдомоти ҷинояткоронаи Амрико, ҳеҷ хатти қирмизеро риоят нахоҳанд кард ва ҳамаи таъсисоти низомӣ, амниятӣ ва иқтисодии Амрикоро бидуни истисно ҳадаф қарор медиҳанд.  

Амрико ва режими саҳюнистӣ то кунун чандин бор мавзеъҳои артиши Ироқ ва "Ҳашдушшаъбӣ" дар манотиқи мухталифи ин кишварро ҳадаф қарор додаанд.  

Амрико ва режими саҳюнистӣ баъд аз муваффақиятҳои Созмони басиҷи мардумии Ироқ дар муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа, талошҳо барои ташдиди фишор бар ин созмонро афзоиш додаанд.  

Созмони басиҷи мардумии Ироқ ба унвони яке аз аъзои аслии ҷабҳаи Муқовимат, нақше асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ - саҳюнистӣ дар минтақа дорад.  

"Ҳашдушшаъбӣ" дар соли 2014 баъд аз он ки гурӯҳи террористии ДИИШ бархе аз манотиқ ва шаҳрҳои Ироқро ишғол кард ба фатвои оятуллоҳ Систонӣ, марҷаъи олиқадри шиаёни Ироқ ташкил шуд ва дар соли 2016 бо мувофиқати парлумони ин кишвар таҳти фармондеҳии кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ қарор гирифт.