Идомаи интиқодот аз Маҳмуд Аббос
(last modified Sun, 02 Oct 2016 14:30:45 GMT )
Октябр 02, 2016 19:30 Asia/Dushanbe
  • Идомаи интиқодот аз Маҳмуд Аббос

Узви Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) мушорикати раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар маросими тадфини раиси пешини режими саҳюнистиро хиёнат ба миллати Фаластин донист.

Ба гузориши имрӯзи Маркази иттилоърасонии Фаластин, Муҳаммад Абуаскар, узви аршади ҷунбиши ҲАМОС дар ҷараёни тазоҳуроте, ки бо ҳадафи маҳкумияти мушорикати Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар маросими тадфини Шимон Перес, раиси пешини режими саҳюнистӣ баргузор шуда буд, таъкид кард, ин мушорикат ба маънои  беҳурматӣ ба хуни поки шаҳидони Фаластин ва лаккаи нанг бар пешонии вай аст.

Мардуми Фаластин дар вокуниш ба иқдоми Маҳмуд Аббос дар урдугоҳи Ҷибалиё, дар шимоли Ғазза тазоҳурот баргузор карданд.

 Абуаскар бо таъкид бар муҳокима ва муҷозоти Маҳмуд Аббос изҳор кард, ҳузури вай дар маросими тадфини Перес дар чорчӯби пешбурди оддисозии равобит бо душмани саҳюнист аст ва ба фаъолиятҳои миллӣ ва муборизоти фаластиниён латма мезанад.

Ҳамчунин шохаи донишҷӯии ҷунбиши Фатҳ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун аз Созмони озоди‎бахши Фаластин (СОФ) ва Шӯрои миллӣ хостанд, Маҳмуд Аббос ва касонеро, ки дар маросими тадфини ҷинояткори исроилӣ мушорикат доштанд, муҳокима кунанд.

Шохаи донишҷӯии ҷунбиши Фатҳ аз Маҳмуд Аббос хост, бо канорагирӣ аз симмати раёсати Ташкилоти худгардони Фаластин ба хотири хиёнат ба миллати Фаластин маъзаратхоҳӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи саҳюнистии "Ҳооретс" бо ишора ба талоши Шимон Перес барои ироаи чеҳрае зебо аз режими ишғолгари Қудс навишт, вай ба унвони фарди фиребкор ҳамвора дар иқдоме таблиғотӣ муддаии сулҳу созиш буд.

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ҷумъаи гузашта дар маросими тадфини раиси пешини режими саҳюнистӣ ширкат кард, ки ин иқдом ба хашми мардуми Фаластин мунҷар шуд.