Ҳушдори маҳофили сайҳунистӣ нисбат ба фоҷеаи инсонӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза ба далели каронавирус
(last modified 2020-04-01T20:55:04+00:00 )
Апрел 02, 2020 01:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори маҳофили сайҳунистӣ нисбат ба фоҷеаи инсонӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза ба далели каронавирус

Маҳофили сайҳунистӣ нисбат ба фоҷеаи инсонӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза ба далели каронавирус ҳушдор доданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Исна, Абу Саҷҷода аз намояндагони феҳристи муштараки арабӣ дар номаи фаврӣ ба вазирони тандурустӣ ва амният ва ҳамоҳангкунандаи фаъолиятҳои давлати Исроил нисбат ба фоҷеаи инсонии эҳтимолӣ дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ  дар паи шуюъи каронавирус ҳушдор дод.

Вай бо баёни инки дастгоҳи дармонии Фаластин ба далели камбуди таҷҳизот бо вазъияти душворе мувоҷеҳ шудааст, тасреҳ кард,бар асоси қонуни байналмиллалӣ, масъулияти саломати шаҳрвандони фаластинӣ бар ӯҳдаи Исроил ба унвони тарафи ишғолгари  Каронаи Бохтарӣ, ки ҳамчунин Ғазза ва тамоми гузаргоҳҳоро таҳти назорати худ дорад, аст.

Аз сӯи дигар масъулони исроилӣ нигаронии шадиди худро нисбат ба сенарияи шуюъи каронавирус дар Ғазза ва эҳтимоли по фаротар гузоштани ин вирус аз марзҳо иброз мекунанд.

Саллоҳ Ҳоҷ Яҳё мудири матабҳои саҳроӣ дар созмони пизишкони ҳуқуқи башар дар Исроил эълон кард, ки ин нигаронӣ бархоста аз заъфи дастгоҳи дармонӣ дар Ғазза ва камбуди нерӯҳо ва таҷҳизот дар он ва низ вазъияти дармонии нобасомон ба далели муҳосираҳои эъмолшуда аз сӯи Исроил аз солҳо қабл бар Ғазза аст.

Дар ин хусус Алекс Фишман таҳлилгари низомӣ дар рӯзномаи "Ядиут Аҳоронут" эълон кард, ки Бенямин Натанияҳу нахуствазири Исроил ва Нафтали Беннет вазири амнияти ин режим чандин бор дар ҳафтаҳои гузашта ба гузоришҳои дастгоҳи амнияти Исроил пиромуни як сенарияи бисёр сиёҳ дар хусуси таҳаввулот дар навори Ғазза аз ҷониби инфиҷори низомии вазъият ё як фоҷиаи инсонӣ ноши аз каронавирус гуш доданд.