Хуруҷи инглисиҳо аз Покистон пас аз атбои Амрико ва Олмон
Расонаҳои Покистон рӯзи чаҳоршанбе гузориш доданд, ки бисёре аз кишварҳои хориҷӣ ба бозгардондани дипломотҳо, шаҳрвандон ва донишҷӯёни худ аз Покистон тасмим гирифтаанд, аз ҷумла Англия.
Бино ба гузориши ИРНА, расонаҳои Покистонӣ ба нақл аз манобеи дипломатик гуфтанд: Атбои инглисӣ бо мушоҳидаи хуруҷи барномарезишудаи соири шаҳрвандони хориҷӣ аз Покистон, аз беэътиноии давлати Инглис ба фароҳам кардани заминаи хуруҷи онон аз Покистон хашмгин ҳастанд.
Пас аз хуруҷи 69 дипломот ва табааи Амрикоӣ аз Покистон, рӯзи сешанбе низ 269 табааи олмонӣ бо як фарванди парвози ширкати ҳавопаймоии Қатар аз Покистон ба кишвари худ баргаштанд.
Шунидаҳо ҳоки аз такопӯи Канада низ барои бозгардондани атбои муқими худ дар Покистон аст ва қарор аст ду парвози ихтисосӣ аз шаҳрҳои Лоҳор ва Карачи шаҳрвандони Канадаро имрӯз (панҷшанбе) ба Таранто бозгардонад.
Пойгоҳи интернетии рӯзномаи "Давн" Покистон навишт: мамнуияти вуруд ва хуруҷи парвозҳои хориҷӣ дар ин кишвар то 4 рӯзи оянда идома хоҳад дошт, бо ин ҳол беш аз 500 табааи инглисии муқимии Покистон дар ҳасрати бозгашт ба кишварашон ҳастанд.