Куштаву захмӣ шудани беш аз 80 муздури эътилофи Саудӣ дар Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i52398-Куштаву_захмӣ_шудани_беш_аз_80_муздури_эътилофи_Саудӣ_дар_Яман
Манобеи яманӣ аз куштаву захмӣ шудани беш аз 80 низомӣ ва муздури эътилофи Саудӣ дар устони Маъраби Яман хабар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 05, 2020 18:02 Asia/Dushanbe
  • Куштаву захмӣ шудани беш аз 80 муздури эътилофи Саудӣ дар Яман

Манобеи яманӣ аз куштаву захмӣ шудани беш аз 80 низомӣ ва муздури эътилофи Саудӣ дар устони Маъраби Яман хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Ямани вобаста ба давлати Санъо, нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман пешравии нерӯҳои мутаҷовизи эътилофи Саудиро ба самти иртифооти Кавфал, дар шаҳри Сирвоҳ дар устони Маъраб, маркази Яман дафъ карда ва хисорату талафоти сангине ба онҳо ворид карданд.

Дар миёни кушташудагони эътилофи Саудӣ, фармондеҳи типи 310 ва раиси ин амалиёт Ҳамид Дастурӣ ва Холид  Алҷомӣ, фармондеҳи типи 72 аз нерӯҳои давлати мустаъфии  Мансур Ҳодӣ низ дида мешавад.