Апрел 13, 2020 17:30 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як намояндаи маҷлиси қонунгузори Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ чандин фаластиниро боздошт карданд.

Ба гузориши ИСНА, манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ки низомиёни саҳюнист Муҳаммад Абутир, намояндаи маҷлиси қонунгузори Фаластинро пас аз ҳамла ба манзилаш дар Ромуллоҳ ба асорат гирифтанд.

Абутир дар маҷмӯъ 30 сол аз умри худро дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ, сипарӣ кардааст.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, саҳюнистҳо шуморе ҷавони фаластиниро ҳам боздошт карданд.

Бо асорати ин намояндаи фаластинӣ, шумори намояндагони асири фаластинӣ то ин лаҳза ба 6 нафар афзоиш ёфт.

Аҳмад Саъдот, Муҳаммад Натша, Ҳасан Юсуф, Холида Ҷарор, Марвон Барғусӣ ва Муҳаммад Абутир, намояндагони асири фаластинӣ дар зиндони режими саҳюнистӣ ҳастанд.

 

 

Барчасп