Апрел 18, 2020 14:45 Asia/Dushanbe
  • Ниҳоди байналмилалӣ: Арабистон дар Яман ҳамчунон оташбасро нақз мекунад

Як созмони байналмилалии фаъол дар заминаи масоили ҷанги Яман эълом кард, эътилофи Саудӣ баъд аз эъломи оташбаси иддаоӣ, даҳҳо бор ба манотиқи мухталифи ин кишвар ҳамла кардааст.

Рӯзномаи британии "Индепендент" рӯзи ҷумъа ба нақл а Созмони пружаи оморҳои Яман гузориш дод: 

Эътилофи Саудӣ ба рағми эъломи оташбас дар Яман, таи як ҳафтаи гузашта  то кунун даҳҳо ҳамла ба манотиқи мухталифи ин кишвар анҷом додааст.

Тибқи ин гузориш, то кунун дастикам 106 ҳамлаи ҳавоии эътилофи Саудӣ ба Яман сабт шуда, ки аз ин теъдод 26 маврид дар як ҳафтаи ахир ва баъд аз эъломи оташбас анҷом шудааст.

 

Барчасп