Муҷрии шабакаи Алҷазира Қошиқчии дуввум мешавад?
Муҷрии шабакаи Азҷазира дар ҳисоби корбарии худ дар Твитер гуфт,ки созмони иттилоотии Арабистони Саудӣ се бор ӯро ба қатл таҳдид кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷамол Раён муҷрии фаластинии шабакаи Алҷазираи Қатар дар ҳисоби Твитери худ навишт: таи як ҳафта, се таҳдид ба қатл аз созмони иттилооти Арабистон дарёфт кардаам; кушта шудан бо гулулаи туфанг ё ба шеваи шаҳид Ҷамол Қошиқчӣ".
Ҷамол Раён, ки мунтақидони сарсахти сиёсатҳои Арабистони Саудӣ аст, дар Твити ёдшуда идома додааст,ки ин таҳдидҳо бо ҳадафи таваққуфи интиқодҳои вай аз "поймол шудани арзишҳои динӣ ва инсонии Арабистони Саудӣ дар абрхурд бо руқабо" сурат гирифтааст.
Вай ҳамчунин бо тарҳи як назарсанҷӣ аз мардуми Арабистон пурсида, ки оё онон ин таҳдиди Саудиро таъйид мекунанд ё на?
Рӯзи 10 апрел низ Ҷамол Раён дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи Твиттер гуфта буд, ки Арабистон уро ба куштан таҳдид кардааст.
Ин таҳдид пас аз он буд. ки Раён дар ҳисоби худ хоҳони ҳазфи иборати "Ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммад расулаллоҳ"-ро ва шамшер аз парчами Саудӣ шуда буд.
Дар ҳамин иртибот рӯзи душанбе низ Саудиҳо Ғода Увайс муҷрии лубнонии шабакаи Алҷазираро ба далели интишори иттилоот дар бораи парвандаи Қошиқчӣ таҳдид карданд.