Таваққуфи тести коронаии сокинони борикаи Ғазза дар озмоишгоҳҳои артиши режими саҳюнистӣ
(last modified Wed, 22 Apr 2020 14:20:53 GMT )
Апрел 22, 2020 19:20 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи тести коронаии сокинони борикаи Ғазза дар озмоишгоҳҳои артиши режими саҳюнистӣ

Тести коронаии сокинони борикаи Ғазза дар озмоишгоҳҳои артиши Исроил мутаваққиф шуд.

Ба гузориши Исно, расонаҳои ибризабон аз дастури вазири ҷанги режими саҳюнистӣ барои таваққуфи анҷоми тести коронаии сокинони навори Ғазза дар озмоишгоҳҳои артиши ин режим хабар доданд.

Исно ба нақл аз сайти “Алъаҳд” ва шабакаи ҳафти телевизиони режими саиҳюнистӣ имрӯз (чаҳоршанбе) эълом кард, Нафтали Беннет, вазири ҷанги ин режим дастури таваққуфи анҷоми тести коронаии сокинони навори Ғазза дар озмоишгоҳҳои ин артишро содир кард.

Ин шабакаи ибризабон гузориш дод, Нафтали Беннет ба далели адами мувофиқати масъулони сиёсии Исроил бо ин масъала, ин дастурро содир кардааст.

Ҳамчунин ин шабака афзуд, тасмими Беннет аз анҷоми танҳо 100 тест дар яке аз озмоишгоҳҳои артиши Исроил дар пойгоҳи низомии Тасрифин содир шуд.