Вокунишҳо ба даргузашти зиндонии сиёсии маъруф дар зиндони саудӣ
Марги фаоли ҳуқуқии арабистонӣ дар зиндон ба далели иштибоҳи пизишкӣ бо вокунишҳои ҳуқуқи башарии байналмиллалӣ ва шуморе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст.
Ба нақл аз хабаргузории Анатоли, дар пайи марги Абдуллоҳ Ал-Ҳомид- фаоли сиёсии арабистонӣ ба далели иштибоҳи пизишкӣ, Агнес Каламар- гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи эъдомҳои фароқонунӣ, хабари даргузашти ин фаоли ҳуқуқӣ, зиндонии ақида ва шоири саудиро хабари ғамангези нахустин рӯзи моҳи Рамазон тавсиф кард.
Дар пайи даргузашти ин фаоли ҳуқуқии саудӣ дар зиндон, Созмони афви байналмиллал низ дар пойгоҳи иттилоърасонии худ эълом кард, ки бо дарёфти хабари даргузашти Ал-Ҳомид дар ҳангоме, ки ба далели фаолиятҳои мусолиматомез дар боздошт ба сар мебурд, ҳайратзада шудааст.
Абдуллоҳ Ал-Ҳомид- шаҳрванди арабистонии дорои мадраки доктораи ҳуқуқ буд, ки аз соли 2013 дар боздошт буд.
Ҳисоби Муътақилӣ ал-раъй (зиндониёни ақида) дар шабакаи Твиттер рӯзи 15 апрел гузориш кард, ки ин зиндонӣ дучори сактаи мағзӣ шуда ва ба кома (беҳушӣ) рафтааст.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳануз Риёз ба таври расмӣ ҳатто хабари даргузашти ин фаоли ҳуқуқии саудиро таъйид ё рад накардааст.
Абдуллоҳ Ал-Ҳомид- муассиси Анҷумани ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ дар Арабистони саудӣ ва аз шахсиятҳои ҳомии ислоҳи умур дар кишвар ва озодии зиндониёни сиёсӣ дар таърихи муосири Арабистон ба шумор мерафт.
Корбарони арабзабони шабакаҳои иҷтимоӣ бо интишори аксҳое аз Ал-Ҳомид, Ҷамол Хошуқҷӣ- рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, ки дар консулгарии Арабистон дар Истамбул ба қатл расид ва Абдурраҳим Аҳмад Ал-Ҳувайти- шаҳрванди саудие, ки ахиран қурбонии эътирозаш ба прожаи сохти абаршаҳри Неом шуда буд, режими саудиро мавриди интиқод қарор дода ва навиштаанд: Режими саудӣ ҳар касро, ки сухане мухолиф ба забон меоварад, ба қатл мерасонад ё зиндонӣ мекунад то бимирад.