Октябр 03, 2016 19:07 Asia/Dushanbe
  • Муваффақиятҳои артиши Сурия дар муқобила бо террористҳо

Артиши Сурия манотиқи дигареро дар ин кишвар, аз ишғоли гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Аннашра, нерӯҳои артиши Сурия муваффақ шуданд контроли бахшиҳое аз атрофи Димишқ ( пойтахт Сурия )-ро ба даст гирифта ва шумори зиёде аз террористҳоро ба ҳалокат бирасонанд.

Аз сӯи дигар артиши Сурия, террористҳоро дар манотиқе аз Ҳумс ҳадафи ҳамла қарор дод, ки дар пайи он, шуморе аз аъзои террористҳо кушта ва ё захмӣ шуданд.

Неруҳои артиши Сурия ҳамчунин бо пешравӣ дар устони Рифи Димишқ бахшҳое аз ин манотиқро ба контроли худ дароварданд.

Хабари дигар аз Сурия ин ки манобеи низомии сурӣ дар Ҳалаб, аз кашфи анбори силоҳҳои гурӯҳи террористӣ – такфирии ДИИШ хабар доданд.

Неруҳои демократи курд - араби Сурия 13 августи имсол тавонистанд шаҳри роҳбурдии «Манбиҷ» дар шимоли Сурияро аз ишғол хориҷ кунанд ва беш аз 6 ҳазор ғайринизомиро, ки аносури ДИИШ гаравгон гирифта буданд, озод кунанд.

 

 

Барчасп