Май 16, 2020 16:58 Asia/Dushanbe
  • Расонаҳои саудӣ алайҳи меҳвари Муқовамат

Шабакаи саудии MBC пас аз пахши сериалҳои зиддифаластинӣ, дар иқдоми ҷадиде ба Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, ноибраиси шаҳиди Ҳашдушшаъбии Ироқ тавҳин кард.

Шабакаи саудии MBC ахиран ва дар моҳи мубораки Рамазон пахши ду сериали зиддифаластинӣ бо номҳои "Умму Ҳорун" ва "Махрҷ7"-ро оғоз кард. Ҳадафи ин ду сериал, сафед ҷилва додани режими саҳюнистӣ ва ҷилваи инсонӣ додан ба ин режим ва пазириши вуҷуди режими саҳюнистӣ назди афкори умумии ҷаҳони араб аст. Ин сериалҳо, аммо бо интиқодҳои густурдаи афкори умуми дар ҷаҳони араб мувоҷеҳ шуд ва ин шабакаи саудӣ ночор шуд пахши сериали "Махраҷ7"-ро мутаваққиф кунад.

Шабакаи MBC дар иқдоми ҷадиди худ Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, ноибраиси шаҳиди Ҳашдушшъбиро ба терроризм муттаҳам кард. Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис севвуми январи 2020 ба ҳамроҳи сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи шаҳиди неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва 8 нафари дигар аз ҳамразмонаш тавассути неруҳои амрикоӣ наздики фурудгоҳ Бағдод террор шуд ва ба шаҳодат расид.

Шаҳид Ал-Муҳандис ба ҳамроҳи шаҳид Сулаймонӣ нақши барҷастае дар мубориза бо терроризм дар минтақаи ғарби Осиё ва ба хусус дар Ироқ ва Сурия ва ҳифзи тамомияти арзии ин кишварҳо ифо карданд. Бидуни тардид, агар иқдомҳо ва ҷонфишониҳои фармондеҳон ва қаҳрамононе назири сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва шаҳид Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис набуд, имрӯз ДОИШ бузургтарин таҳдиди кишварҳои арабӣ буд ва ҳатто пойтахтҳои бузурги арабӣ низ гирифтори таҳдиди ДОИШ буданд.

Мавзӯи муҳим ин аст, ки шабакаи MBC таҳти моликияти Арабистони саудӣ қарор дорад. Арабистони саудӣ аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки расонаҳои он комилан пайрави сиёсатҳои Оли Сауд ҳастанд. Сиёсати расонаии Оли Сауд ин аст, ки ҳеҷ расонае ҳаққи интиқод аз хонадони саудиро надорад, ҳеҷ расонае ҳаққи ироаи тасвири торик аз ҷаҳони араб надорад ва ҳамчунин ҳеҷ расонае ҳақ надорад нигоҳи интиқодӣ ба таҳаввулоти кишварҳои арабӣ дошта бошад.

Бо вуҷуди ин рӯйкарди расонаии Оли Сауд, аммо шабакаҳои саудӣ ахиран рӯйкарди интиқодӣ ба мавзӯи Фаластин ва рӯйкарди иҳонатомез ба шахсиятҳои ироқӣ дар пеш гирифтаанд. Иллат низ ин аст, ки ҳукумати саудӣ аз ормонҳои Фаластин фосила гирифта ва дифоъ аз Фаластин дар дастаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии ин кишвар нест. Дар ҳамин ҳол, Оли Сауд бо гурӯҳҳое назири Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳашдушшаъбии Ироқ ва Ансоруллоҳи Яман таорузи ҳувиятӣ дорад. Бино барин, дар пеш гирифтани рӯйкарди зиддифаластинӣ ва иҳонат ба шахсиятҳои ироқӣ ба хусус фармондеҳони Ҳашдушшаъбӣ  тавассути расонаҳои саудӣ, иқдоме созмонёфта ва ҳадафманд аст, ки ҳукумати Арабистони саудӣ пушти он қарор дорад.

Иҳонат ба шаҳид Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис бо вокуниши Ироқ мувоҷеҳ шуд. Комиссияи иртиботот ва иттилоърасонии Маҷлиси Ироқ бо интишори баёнияе иқдоми MBC-ро гумроҳсозии омидона унвон кард ва хостори таътилии ин шабака дар Ироқ шуд. Ҳасан Солим, намояндаи парлумони Ироқ ҳам шабакаи MBC-ро шабакаи фитна, такфир ва ҳомии терроризм хонд ва гуфт: Ин шабака талош дорад аз ҳамаи хатҳои қирмизи усул ва арзишҳо убур карда ва ҷомеаро чанд тикка кунад.

Чанд тикка кардани ҷомеаи Ироқ ҳадафе аст, ки акнун Арабистони саудӣ ба ҳамроҳи Амрико ва режими саҳюнистӣ пайгирӣ мекунанд. Расонаҳои саудӣ низ дар хидмати ин ҳадаф қарор гирифта ва амал мекунанд.

 

Барчасп