Май 16, 2020 17:07 Asia/Dushanbe

Афроди ношинос ба қабри яке аз саҳобаҳои пайёмбари ислом (с) дар дохили сарзаминҳои ишғолии соли 1948 дастандозӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизионии Алҷазира, ашхоси ношинос бо беҳурматӣ ва таарруз ба қабри Тамим бин Авс Алдори дар рустои Байт Ҷибрин дар шимоли ғарби шаҳри Алхалил эҳтимолан бо ҳадафи ёфтани осори бостонӣ иқдом ба кандани қабр карданд.

Осори бостонии исломӣ дар сарзаминҳои исшғолии соли 1948 ахиран борҳо ҳадафи дастбурди  дуздон қарор гирифтааст.

Ба назар мерасад дуздон аз давраи карантин барои муқобила бо шуйюи коронавирус, барои дуздии ин осори бостонӣ истифода карданд.

Фаластиниҳо неруҳои амниятии режими Исроилро ба бетаваҷҷуҳии амдӣ ба ҳифозат аз осори бостонии фаластиниён дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ, муттаҳам мекунанд.

Созмони осори бостонии режими саҳюнистӣ аз расидагӣ, тармим ва ҳифозат аз осори бостонии исломӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ худдорӣ мекунад ва низ  монеъ аз вуруди тарафҳои фаластинӣ ба ин осори бостонӣ мешавад.

 

Барчасп