Муҷозоти сангин барои қатариҳое, ки ниқоби тиббӣ намезананд
Қатар аз имрӯз ҷаримаи се сол зиндонро барои афроде, ки дар маконҳои умумӣ ниқоби тиббӣ намепушанд иҷро мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Қатар аз имрӯз якшанбе иҷрои яке аз сангинтарин муҷозотҳои муртабит бо напушидани ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумиро оғоз кард.
Ҷаримаи хатокорон метавонад ҳаддиаксар 3 сол зиндон ва 55 ҳазор доллар бошад.
Қатар 2 миллиону 750 ҳазор нафар ҷамъият дорад ва беш аз 30 ҳазор нафар аз сокинони он (баробар бо 1.1 дарсад аз кулли ҷамъият) ба бемории КОВИД-19 мубтало шудаанд.
Албатта то кунун танҳо 15 нафар дар ин кишвар бар асари КОВИД-19 ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳам акнун пушидани ниқоби тиббӣ дар ҳудуди 50 кишвари ҷаҳон иҷборӣ аст гар чи донишмандон дар бораи асарбахшии он тавофуқи назар надоранд.