Май 20, 2020 12:06 Asia/Dushanbe

Бо таваҷуҳ ба ҳамагирии вируси Корона дар ҷаҳон , маросими рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол бо ибтикорҳое ба таври маҷозӣ баргузор хоҳад шуд.

Мусалмонон ба вижа ҷавонони мусалмон имсол рӯзи Қудсро ба равишҳои чун роҳандозии пуйиши ИНТЕРНЕТӢ барафроштани парчами Фаластин, тавлиди ҳаштакҳое дар дифоъ аз Қудси шариф ва ормони Фаластин ва маҳкум кардани тарҳи амрикоии  Муомилаи қарн , гиромӣ медоранд.

Имом Хумайнӣ (р) бунёнгузори Инқилоби исломӣ дар Эрон , охирин ҷумъаии моҳи рамазонро барои ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин ва Байтулмуқадас дар баробари ҷиноятҳои режими ишғолгари Саҳюнистӣ , рӯзи ҷаҳонии Қудс хонд. Ҳар сол дар чунин рӯҳе Миллатҳои мусалмон ва озод дар Эрон ва саро сари ҷаҳон дар ҳимоят аз Фаластин роҳпаймоӣ мекунанд. Аммо имсол баргузории рӯзи Қудс бо густариши Корона дар саросари ҷаҳон мутафовит хоҳад буд.

Барчасп