Май 20, 2020 14:07 Asia/Dushanbe
  • Эрон ; режими Саҳюнистӣ аз дили терор зода шуд

Вазорати умури хориҷаи Эрон эълон кард режими Саҳюнистӣ аз дили терор зода шуд ва аз он замон , ҳазорон нафарро аз мардуми Фаластин гирифта то шахсиятҳои барҷастаи араб ва донишмандони эронӣ терор кардааст.

Ба нақл аз ИРНА , Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чоршанбе дар ҳисоби корбарии худ дар ТВИТТЕР ҳамчунин навишт ; режими терористӣ Исроил, ҳамчунон ба пошидани базри ошуб дар минтақаи ғарби Осиё аст.

Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишораи рӯзи ҷаҳонии Қудс афзудааст ; рӯзи Қудс ёдовари солона ба ҷаҳони ислом аст ,ки ишғолгарӣ ва иқдомҳои таҷовузгаронаи режими Исроил омили асосӣ дар мунозиоти минтақаи ғарби Осиё аст.

Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кардааст режими Саҳюнистӣ таърихе лабрез аз таҷовузгарӣ , барномаҳои махфии таслиҳоти куштори ҷамъӣ, ишғолгарӣ ва қонуншиканӣ дорад.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазон бо ибтикори имом Хумайнӣ (р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Бо таваҷуҳ ба шуюи вируси Корона дар ҳамаи кишварҳо ва ба манзури риояти пратаколҳои беҳдоштӣ ба сурати онлайн баргузор мешавад.

Барчасп