Май 20, 2020 18:31 Asia/Dushanbe
  • Бекор кардани тамомии тавофуқот бо Амрико ва Исроил

Маҳмуд Аббос: Тамомии тавофуқот бо Амрико ва Исроилро қатъ мекунем.

Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин эълом кард, ки дар вокуниш ба тарҳи режими саҳюнистӣ барои илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ба заминҳои ишғолӣ тамомии тавофуқот бо давлати Исроил ва Амрикоро бекор мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар ҷараёни суханронии худ пас аз нишасти фавқулода бо раҳбарони фаластинӣ дар шаҳри Ромуллоҳ хотирнишон кард: Давлати Фаластин ва Созмони озодибахши Фаластин дар остонаи инҳилоли тамомии тавофуқот ва тафоҳумҳои ҳосила бо давлати Амрико ва Исроил аз ҷумла тавофуқоти амниятӣ ҳастанд.

Маҳмуд Аббос ба фармондеҳони сервиси амниятӣ дастур дод то фавран ҳамоҳангиҳо бо давлати Исроилро мутаваққиф кунанд.

Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ҳамчунин тасреҳ кард: Бар асоси қавонини байналмиллалӣ бояд мақомоти режими саҳюнистӣ тамомии масъулиятҳо ва тааҳҳудоти худро ба унвони як қудрати ишғолгар дар заминҳои ишғолӣ бипазиранд.

Маҳмуд Аббос зимни интиқод аз давлати Амрико, тасреҳ кард: Тарҳи сулҳи Амрико мавсум ба Муомилаи қарн, ки дар январи гузашта аз он рӯнамоӣ шуд бар асоси тарҳи илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ба заминҳои ишғолӣ аст ва Вашингтон шарики аслии режими саҳюнистӣ дар тамомии иқдомоти хасмона ва золимонаашон дар ҳаққи миллати Фаластин аст.

Вай таъкид кард: Мо ба ҳалли даргириҳои миёни исроилиҳо ва фаластиниён бар асоси роҳкори ташкили ду кишварӣ пойбанд ҳастем.

 

Барчасп