Май 23, 2020 15:53 Asia/Dushanbe
  • Cе меҳвари аслии суханони Рӯзи Қудси Саидҳасани Насруллоҳ дар бораи Фаластин

Саидҳасани Насруллоҳ дирӯз ҷумъа ба муносибати чиҳилу якумин солгарди Рӯзи ҷаҳонии Қудс суханроние кард, ки метавон гуфт се меҳвари асосӣ ва пояоӣ доштааст.

Аввалин меҳвари суханронии Саидҳасани Насруллоҳ, таъкид бар ин буд, ки ҷуғрофиёи Фаластин аз баҳр то наҳр аст. Парчами режими саҳюнистӣ дорои ду хатти кабуд дар боло ва поин аст, ки ба шиори Исроили бузург ё сарзамини комили Исроил ишора дорад ва мисдоқи Нил то Фурот аст. Дар муқобил, ин дидгоҳ аз сӯи бархе раҳбарони Муқовимат ба хусус ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ва ҳамчунин Саидҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон матраҳ шуд, ки ҷуғрофиёи Фаластин аз «баҳр то наҳр» аст. Маънои ин сухан ин аст, ки режими саҳюнистӣ илова бар он ки бояд аз Нил то Фуротро фаромуш кунад балки вазъияти феълӣ низ пазируфта нест ва Фаластин бояд ба таври комил аз ишғоли режими ишғолгар озод шавад. Ин сухани Саидҳасани Насруллоҳ дар бораи ҷуғрофиёи Фаластин на танҳо маҳкумияти тасмими режими саҳюнистӣ барои илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ балки ҳатто фаротар аз он радди сареҳ ва қотеъи тарҳи нажодпарастонаи Муомилаи қарн аст.

Дувумин меҳвари муҳими суханони рӯзи гузаштаи дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, кучак донистани режими саҳюнистӣ буд. Саидҳасани Насруллоҳ гуфт: Мардуми Фаластин дар зоҳири масъала бо Исроил меҷанганд вале дар ботин, ин набарду  муқобила бо Амрико аст. Ба иборати дигар, агар ҳимояти Амрико набошад режими саҳюнистӣ қудрате надорад ва ҳатто тавони дифоъ аз худро низ надорад. Ин таъбир дар суханони рӯзи гузаштаи раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон низ вуҷуд дошта ва ишон низ фармуданд: Муҷрими аслии фоҷиаи ғасби Фаластин, давлатҳои ғарбӣ ва сиёсатҳои шайтонии онҳо буд. Саидҳасани Насруллоҳ ҳатто муътақид аст, ки ҷангҳои минтақа тай чанд даҳсолаи ахир аз ҷумла ҳамлаи Саддом- диктатори эъдомшудаи режими баъси Ироқ алайҳи Эрон ва ҳамчунин ҷанги феълии Арабистон дар Яман низ бо тарроҳӣ ва мудирияти Амрико ва бо ҳадафи ҳифзи тавозуни қудрат ба нафъи Исроил анҷом шуд.

Меҳвари севвуми суханони саиди Муқовимат, таъкид бар муқовимати мусаллаҳона дар муқобили режими саҳюнистӣ аст. Дар рӯзҳои ахир ҳамаи раҳбарони Муқовимат унвон карданд, ки муқовимати мусаллаҳона танҳо роҳи озодии Фаластин аст. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон низ рӯзи гузашта дар ин хусус гуфт: Танҳо роҳи озодсозии сарзамини Фаластин ва муқаддасот аст ва ҳамаи роҳҳои ғайр аз ин, вақтро беҳуда талаф кардан аст. Таъкид бар муқовимат ба маънои радди рӯйкарди созиш ва гуфтугӯ бо режими саҳюнистӣ аст, мавзӯе, ки дар суханони рӯзи гузаштаи раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ бар он таъкид шуд.

Коромадии муқовимати мусаллаҳона дар муқобили режими саҳюнистӣ дар арсаи амал низ исбот шудааст. Дар ҳоле, ки бурундоди созиш, музокира ва оддисозии равобит, тарҳи нажодпарастонаи Муомилаи қарн буд, бурундоди муқовимати мусаллаҳона радди иддаоии шикастнопазири артиши Исроил, кутоҳ шудани тули муддати ҷанг бо режими саҳюнистӣ ба 48 соат ва он ҳам на тавассути артиши як кишвари арабӣ балки тавассути гурӯҳҳои Муқовимат, ва ҳамчунин исботи осебпазириҳои дарунии мутааддиди режими саҳюнистӣ буд. Бо ин ҳол, нуктаи муҳиме, ки Саидҳасани Насруллоҳ ба он ишора дорад, ин аст, ки муқовимати мусаллаҳона дар кутоҳмуддат мунҷар ба озодсозии Фаластин нахоҳад шуд, балки озодсозӣ фароянде замонбар аст. Ҳадаф қарор додани Эрон ва иҷрои фишорҳои шадид алайҳи Эрон тавассути Амрико низ ба ин далел аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳимтарин ҳомии муқовимати мусаллаҳона дар муқобили режими саҳюнистӣ аст.

 

Барчасп