Муовини Ҳизбуллоҳ: Озодии ҷануби Лубнон нуқтаи атфи минтақа ба самти истиқлол буд
(last modified 2020-05-26T05:14:53+00:00 )
Май 26, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Муовини Ҳизбуллоҳ: Озодии ҷануби Лубнон нуқтаи атфи минтақа ба самти истиқлол буд

Муовини Ҳизбуллоҳи Лубнон озодсозии ҷануби Лубнонро як нуқтаи атф дар минтақа хонд ва гуфт: Ин мавзӯъ собит кард, наметавон бар роҳи ҳалҳои таҳти назорати Амрико ва Ғарб такия кард.

Шайх Наим Қосим- муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳ ба муносибати солгарди озодсозии ҷануби Лубнон эълом кард, ин рӯз нуқтаи атфе таърихӣ барои минтақа ба самт истиқлол буд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл  аз Форс, шайх Қосим идома дод: Ин рӯз масири сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷиҳодии минтақаро тағйир дод ва моро аз ноумедӣ ба умед, аз таслим будан ба муқовимат, аз зиллат ба иззат ва аз шикаст ба пирӯзӣ мунтақил кард.

Вай тасреҳ кард, иди Муқовимат эъломи ошкори суқути артиши саҳюнисти шикастнопазир буд, сегонаи артиш, миллат ва муқовимат ин артишро шикаст дод ва ҳаводис собит кард, ки кишварҳои бузург, ҳомии Исроил ҳастанд ва наметавон бар роҳи ҳалҳои таҳти назорати Амрико ва Ғарб такия кард, зеро онҳо далели вуҷуди Исроил ва ишғолгарии он ҳастанд ва аз таҷовузи ин режим ба Фаластин ва ғасби он ҳимоят мекунанд.

Шайх Қосим тасреҳ кард: Муқовимат ва озодсозӣ, дарҳои пирӯзии Лубнон, Фаластин ва минтақа бар Исроил ва пружаҳои Амрико ва сохтаи дасти он "ДОИШ"-ро боз кард.

Вай зимни эълом ин ки Муқовимат насле ба вуҷуд овард, ки таслим намешавад ва масирҳои оянда барои озодсозии Фаластин ва заминҳои ишғолиро боз кард, афзуд: Муқовимат ва бозсозӣ ду мавзӯи муртабит ба ҳам ҳастанд; Муқовимат ба ташкили давлат, ҳалли умури мардум, интиқол ба иқтисоди созанда ва муқобила бо фасод исрор меварзад.