Май 26, 2020 13:14 Asia/Dushanbe
  • Давраи 20 солаи муқовимат дар Ғарби Осиё ва чашмандози он

25 майи соли 2000 нуқтаи атфе дар таҳаввулоти Ғарби Осиё буд, ба наҳве, ки пас аз ду даҳа назм, амнияти ин минтақа дучори дигаргунии ошкоре шудааст.

Размандагони Ҳизбуллоҳи Лубнон 25 майи 2000 муваффақ шуданд режими саҳюнистиро маҷбур кунанд, ки низомиёни худро аз ҷануби Лубнон хориҷ кунад. Ин ақибнишинии таҳқиромез, ки пас аз 22 сол ишғоли ҷануби Лубнон рух дод, заминаи таҳаввулоти азимеро дар минтақаи Ғарби Осиё эҷод кард.

Аввал, ин ақибнишинӣ афсонаи сохтагии шикастнопазирии артиши режими саҳюнистиро аз байн бурд ва заминаи шикастҳои зиёди баъдӣ, ба хусус дар ҷанги 33 рӯзаи соли 2006-ро фароҳам кард.

Дувум, пас аз шикасти соли 2006 Исроил аз Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷанги 33 рӯза то имрӯз, режими саҳюнистӣ ҳеҷгоҳ ҷуръати ҳамлаи ҷадид алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнонро пайдо накард.

Севум, Ҳизбуллоҳи Лубнон аз соли 2011 ҷуғрофиёи фаъолият ва ҳамчунин маъмурияти худро густурдатар кард. Ҳизбуллоҳ аз Лубнон хориҷ шуд ва дар ҷуғрофиёи Сурия нақши пуррангу созандае дар мубориза бо терроризм ифо кард. Дар воқеъ, мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ низ ба маъмурияти Ҳизбуллоҳ дар канори ҷанг бо режими саҳюнистӣ афзуда шуд.

Чаҳорум, дар як даҳаи ахир, гурӯҳҳои муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё вазну ҷойгоҳи барҷастае пайдо карда ва сабаби тағйироти ҷиддӣ дар тавозуни қудрати минтақаӣ шудаанд. Дар ҳоле, ки меҳвари созиш шоҳиди раванди нузулӣ дар мавқеияти минтақаии худ буд, меҳвари муқовимат шоҳиди афзоиши бозигарон ва рушди ошкори мавқеияти минтақаии худ аст. Ансоруллоҳ як бозигари ҷадид ва қудратманд дар Яман аст, ки Арабистони Саудӣ, муҳимтарин бозигари меҳвари созиш ва яке аз қудратҳои минтақаи Ғарби Осиёро дар ҷанг алайҳи Яман ба зону даровардааст. Ҳашдушшаъби ва гурӯҳҳои муқовимат дар Ироқ парчами ихроҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишварро дар даст гирифта ва иқдомоти он сабаб шуд Амрико низомиёни худро аз пойгоҳҳои низомии кӯчактар дар Ироқ хориҷ кунад.

Панҷум, тавони низомии гурӯҳҳои муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки тарҳҳои таҷзияталбонаи қудратҳои ғарбӣ ва режими саҳюнистӣ, аз ҷумла дар Ироқ ва Сурия, ки дар қолаби баҳрагирӣ аз терроризми ДИИШ-ӣ пайгирӣ шуд, тамоман бо шикаст мувоҷеҳ шуд.

Шашум, тӯли ҷангҳои Исроил алайҳи гурӯҳҳои муқовимат дар борикаи Ғазза ба 48 соат коҳиш пайдо кард, дар ҳоле, ки борикаи Ғазза аз соли 2006 то кунун таҳти муҳосираи ҳамаҷонибаи режими ишғолгари саҳюнистӣ қарор дорад.

Ин муваффақиятҳои гурӯҳҳои муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё сабаб шуд, ки бисёре аз таҳлилгарон имрӯз аз шаклгирии геоплтики муқовимат дар Ғарби Осиё ба раҳбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон сухан мегӯянд. Ин дастоварди муҳим ба манзилаи шикасти режими саҳюнистӣ ва қудратҳои ғарбӣ, ба хусус Амрико аст, ки дар ду даҳаи ахир барои тазъифи меҳвари муқовимат дар минтақа аз ҳеҷ талоше дареғ накарданд. Дар ҳамин росто, Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман муътақид аст, ки душмани саҳюнистӣ дар соли 2000 бидуни қайду шарт шикаст хӯрд, як шикасти таърихӣ, ки давраи шикастҳои пай дар пайи проекти саҳюнистӣ ва амрикоӣ дар минтақаро рақам зад.

Нуктаи поёнӣ ин ки қудратҳои ғарбӣ, ки ҳимоят аз режими саҳюнистиро муҳимтарин роҳбурди худ дар Ғарби Осиё қарор доданд, дар муқобили муваффақиятҳои ду даҳаи ахири меҳвари муқовимат ва шаклгирии геополитикаи муқовимат дар Ғарби Осиё ба баҳрагирӣ аз абзорҳои сиёсие назири таҳрим, қарор додан дар листи иддаоии террористӣ ва тавқифи амволу дороиҳои гурӯҳҳои муқовимат ва раҳбарони он рӯй овардаанд, ки охирини он, иқдоми Олмон зидди Ҳизбуллоҳи Лубнон ва террористӣ хондани он буд, ки дар моҳи гузаштаи мелодӣ анҷом шуд.

 

Барчасп