Июн 24, 2020 09:10 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти густурда дар Тел-Авив зидди сиёсатҳои режими саҳюнистӣ

Садҳо нафар аз сокинони Тел-Авив дар эътироз ба тарҳи илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарии руди Урдун ба сарзаминҳои ишғолӣ тазоҳурот карданд.

Ба гузориши ИРНА, тазоҳуркунандагони исроилӣ сешанбешаб бо таҷаммӯъ дар майдони Робин, маркази шаҳри Тел-Авив, бо сардодани шиорҳои «На ба илҳоқ» мухолифати худро бо илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ эълом карданд.

Сокинони Телавив таъкид карданд, акнун замони ҳазина кардани миллиардҳо пул барои илҳоқи Каронаи Бохтарӣ нест ва замони он расидааст, ки ин пулҳо барои бекорон ҳазина ва сармоягузорӣ шавад.

Тарҳи илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарии руди Урдун ба сарзаминҳои ишғолӣ, ки июл иҷроӣ мешавад, бахше аз тарҳи зиддифаластинии Амрико мавсум ба "Муомилаи қарн" аст.

Бар асоси тарҳи "Муомилаи қарн", Қудси шариф ба режими саҳюнистӣ вогузор мешавад, оворагони фаластинӣ дар дигар кишварҳо, ҳақи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин танҳо моликияти заминҳои боқимондаи Каронаи Бохтарии руди Урдун ва борикаи Ғаззаро хоҳад дошт.

 

Барчасп