Ҳамлаи мушакӣ аз Ғазза ба самти заминҳои ишғолӣ ва посухи режими саҳюнистӣ
(last modified 2020-06-27T09:16:35+00:00 )
Июн 27, 2020 14:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакӣ аз Ғазза ба самти заминҳои ишғолӣ ва посухи режими саҳюнистӣ

Манобеи фаластинӣ аз шиллики ду мушак аз навори Ғазза ба самти шаҳракҳои саҳюнистнишин ва шунида шудани садои инфиҷор дар атрофи онҳо хабар доданд.

Ба нақл аз ИСНА, расонаҳои режими саҳюнистӣ низ аз ба садо даромадани ожири хатар дар шаҳракҳои саҳюнистӣ хабар доданд.

Тибқи гузориши бархе аз манобеи исроилӣ, яке аз ракетаҳо ба минтақае боз дар атрофи навори Ғазза бархӯрд ва дигарӣ низ дар дохили марзҳои навори Ғазза суқут кардааст.

Дар ҳамин ҳол, режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба ин ҳамалот, манотиқе аз навори Ғаззаро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаҳои худ қарор дод.