Июн 28, 2020 13:07 Asia/Dushanbe
  • Озодии 34 неруи амниятии афғон ба дасти Толибон

Гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аз озодии 34 неруи давлатӣ, ки дар вилояти Бадахшони ин кишвар боздошт буданд, хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИСНА, Муҳаммадсуҳайл Шоҳин- сухангӯи Дафтари Толибон дар Доха гуфт: Ашхоси озодшуда аз неруҳои полис ва низомиёни идораи Кобул ҳастанд, ки дар зиндонҳои вилояти Бадахшон боздошт буданд.

Ду рӯзи пеш низ гурӯҳи Толибон 20 зиндонии вобаста ба давлати Афғонистонро озод карда буд.

Дар ҳамин ҳол Сиддиқи Сиддиқӣ- сухангӯи давлати Афғонистон рӯзи шанбе гуфт то кунун афзун бар се ҳазору 800 зиндонии Толибонро озод кардаанд.

Намояндагони давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон чанд давр гуфтугӯ ва музокираро барои озодии зиндониёни ду тараф баргузор кардаанд ва қарор аст панҷ ҳазор зиндонии Толибон дар баробари як ҳазор зиндонии вобаста ба давлат озод шаванд.

Гуфта шуда, ки озодии ин зиндониён роҳро барои оғози музокироти сулҳ дар Афғонистон ҳамвор мекунад. 

 

Барчасп